LIVE

Марчелло Липпи ба нафақа баромад

Сармураббии собиқи тими миллии Италия ва бошгоҳи “Ювентус” - Марчелло Липпи дар бораи ба итмом расонидани фаълияти мураббигии худ хабар дод. 

 «Ман бешубҳа ба ҳайси мураббӣ ба нафақа баромадам. Шояд ман ҳанӯз метавонам дар вазифаҳои дигар фойданок бошам. Аммо то баҳор чизе гуфта наметавонам», иқрор шудааст ин мутахассиси 72-сола. Липпи фаъолияти мураббигии худро соли 1982 оғоз намуда, мураббии дастаи ҷавонони “Сампдория” шуд. Ҳамчунин ӯ бо тимҳои “Сиена”, “Интер”, “Наполи”, “Аталанта” ва дигар клубҳои итолёвӣ мураббигӣ кардааст. Таҳти роҳбарии Липпи, дастаи мунтахаби Италия соли 2006 қаҳрамони ҷаҳон шуд. Бо “Ювентус” ӯ қаҳрамони Италия ва Лигаи чемпионҳоро ба даст овардааст. Таҳти роҳбарии Липпи мунтахаби Италия силсила ғалабаҳои бидуни бохти худро ба 31 бозӣ расонида буд. Бо "Гуанчжоу Эвергранд" ӯ се маротиба қаҳрамони Чин ва Лигаи чемпионҳои Осиёро ба даст овард. Липпи инчунин аз соли 2016 то 2019 бо тими миллии Чин кор кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив