LIVE

Санаи баргузории Чемпионати ҷаҳони бошгоҳҳо маълум шуд

Ба иттилои дафтари матбуоти ФИФА, Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳои ФИФА аз 3 то 12 феврали соли 2022 дар Амороти муттаҳидаи Араб баргузор мешавад. Қуръакашии ин мусобиқа  29 ноябр дар Сюрих доир мегардад. 

Ёдовар мешавем, ки ба рӯйхати иштирокчиёни чемпионати ҷаҳонии бошгоҳҳо дастаҳои зерин дохиланд: Челси (Англия), Ал-Ҳилол (Арабистони Саудӣ), Ал-Аҳлӣ (Миср), Монтеррей (Мексико), Окленд Сити (Зеландияи Нав), Ал-Ҷазира (АМА) ва Палмейрас (Бразилия). Қобили зикр аст, ки «Челси»-и Англия ва «Палмейрас»-и Бразилия мусобиқаро аз даври ниманиҳоӣ  оғоз мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ибтидо моҳи декабри соли ҷорӣ баргузории ин мусобиқа дар Ҷопон ба нақша гирифта шуда буд. Баъдан бинобар пандемияи коронавирус  чемпионатро ба таъхир гузоштанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив