LIVE

"Реал" шартномаашро бо Тибо Куртуа тамдид намуд

Дарвозабон  Тибо Куртуа шартномаи худро бо “Реал Мадрид” тамдид кард, хабар медиҳад сомонаи расмии дастаи Испания. Шартномаи нав байни дарвозабони белгиягӣ ва “Реал Мадрид” то 30 июни соли 2026 эътибор дорад.
Ёдовар мешавем, ки Куртуа аз соли 2018 аз “Челси” ба  “Реал Мадрид” омада буд. Бо ин даста дар Чемпионати Испания ва Суперҷоми Испания ва инчунин Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо ғолиб омадааст. Transfermarkt арзиши бозигарро 60,00 миллион евро арзёбӣ мекунад. Куртуа қаблан дар дастаҳои “Челси” ва “Генк” бозӣ кардааст. Аз соли 2011 инҷониб Куртуа ба тими миллии Белгия даъват мешавад. Дар ҳайати мунтахабаш  барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷаҳон -2018 мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Тибо Куртуа дар даври аввали мавсими нави Ла Лига муқобили "Алавес" ҳунарнамоӣ карда, 100-умин бозии худро бо пироҳанҳои "гаразмониҳо"  истиқбол намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив