LIVE

“Бавария” рекорди “Барселона”-ро такрор карда наметавонад

ФИФА дар бораи мавқуф гузоштани Чемпионати ҷаҳони клубҳо расман хабар дод. Ин мусобиқа миёни ғолибони Лигаи чемпионҳои қитъаҳо мебоист моҳи декабри соли 2020 баргузор мешуд, аммо ин чорабинии варзишӣ низ ба мисли мусобиқаҳои дигар ба соли оянда гузаронида  шуд. Федератсияи байналмилалии футбол ё худ ФИФА хабар дод, ки чемпионати ҷаҳон миёни бошгоҳҳои футбол аз 1-ум то 11-уми феврали соли 2021 доир мешавад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки мусобиқаи мазкур дар ибтидо мебоист моҳи декабри соли 2020 баргузор мешуд, аммо бо дарназардошти пандемияи коронавирус вақти баргузории он тағйир дода шуд. Баъди ин хабар ҳамакнун дастаи “Бавария” имкони  такрори  рекорди “Барселона”-ро аз даст дод, зеро каталониҳо дар як соли тақвимӣ шаш ҷойзаро ба даст оварда буданд.  Мюнхениҳо бошад, дар 5 мусобиқа ғолиб омадаанд ва интизори  чемпионати ҷаҳон миёни бошгоҳҳо буданд. “Бавария” Ҷоми Олмон ва Суперҷом, инчунин Лигаи Чемпионҳо ва Суперҷоми Аврупоро моли худ сохтааст. Дар ҷоми ҷаҳонии клубҳо чемпионҳои Конфедератсияҳои футболи қитаъаҳо  ширкат меварзанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив