LIVE

Вируси корона ба таъмири варзишгоҳи Чин таъсир нарасонд

Варзишгоҳи шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади қабули даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол миёни бошгоҳҳо-2021 азнавсозӣ карда мешавад. ФИФА бори аввал дар ин варзишгоҳ бозии финалии чемпионати мазкурро дар формати нав таҳти унвони FIFA Club доир хоҳад кард. Варзишгоҳи мазкур маросими кушодашавии Ҷоми ҷаҳони бошгоҳҳо ва рақобати ниҳоиро дар худ фаро хоҳад гирифт. Баъд аз оне, ки Ҷоми Аврупо ба соли 2021 гузаронида шуд, ин мусобиқа низ дар вақти дигар ташкил карда мешавад. Ба иқрори коршиносон соли 2022 ё 2023 баргузор мегардад. Варзишгоҳи мазкур таъмиру таҷдид карда, баъди навсозӣ 72 ҳазор ҷои нишаст пайдо хоҳад кард. Чин на танҳо мизбони Ҷоми ҷаҳон байни бошгоҳҳои футбол, ки ФИФА бори аввал онро миёни 24 даста ташкил карданист, ҳамчунин кишвари осиёӣ масъулияти баргузории Ҷоми Осиёро дар соли 2023 ба ӯҳда гирифтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив