LIVE

Шиносномаи Ҷоми ҷаҳон-2019 миёни наврасони то 17 сола

Чеммпионати ҷаҳон миёни наврасони то 17 сола зинаи нахустини мусобиқоти ҷаҳонии футбол маҳсуб шуда, дар ду сол як бор баргузор мегардад. Имсол бори нахуст кишвари Бразилия мизбони ин чорабинӣ интихоб шудааст. 
18-умин чемпионати ҷаҳон миёни футболбозони навраси то 17 сола аз 26-уми октябр то 17-уми ноябри соли 2019 дар кишвари Бразилия сурат мегирад. Аз ибтидо мебоист мизбони ин чорабини кишвари Перу шавад, аммо ФИФА бо сабаби сари вақт тайёр нашудани иншоотҳои ёрирасону майдонҳои футболӣ муҷаввизи “инк”-ҳоро бекор карда, ба Федератсияи футболи Бразилия мактуб навишт, то пас аз мизбонии “Копа Америка-2019” баргузории чемпионати ҷаҳони наврасонро низ ба уҳда гирад. 
Ҳамин тавр кишвари Бразилия бори нахуст мизбони қаҳрамонии ҷаҳон миёни бозигарони то 17 сола интихоб шуд. Бозиҳо дар 4 варзишгоҳи 3 шаҳр Бразилия-Гама “Estádio Bezerrão”, Гояна “Estádio da Serrinha”-ву “Estádio Olímpico” ва Витория-Кариасика “Estádio Kléber Andrade” сурат мегирад. Ҷиҳати муҳими дигари ин мусобиқа он аст, ки бори аввал дар он низоми “VAR”-ро истифода мебаранд.
Мунтахаби Англия, ки 2 сол пеш унвони қаҳрамониро миёни футболбозони ин синну сол ба даст оварда буд, мебоист онро дифоъ кунад, аммо бунёдгузорони футбол ба марҳилаи ниҳоӣ баромада натавонистанд. 
Аз миёни тақрибан 200 мунтахаби дар марҳилаи интихобӣ иштирок карда танҳо ба 24 тим муяссар шуд то ба даври поёнии ин мусобиқа роҳ ёбанд. Мунтахабҳои Ангола ва ҷазираҳои Саломон бори нахуст дар ин мусобиқа иштирок мекунанд.
Маросими қуръакашии мусобиқа рӯзи 11 июл дар қароргоҳи ФИФА шаҳри Сюрихи Швейтсария сурат гирифт, ки дар ҷараёни он дастаҳои ба гурӯҳҳо тақисм шуданд. Тими мизбон Бразилия бо ҳамроҳии Канада, Зеландияи Нав ва Ангола дар гурӯҳи “А”, Нигерия, Венгрия, Эквадор ва Австралия дар гурӯҳи “В”, Кореяи Ҷанубӣ, Гаити, Фаронса ва Чили гурӯҳи “С”, Амрико, Сенегал, Ҷопон ва Нидерландҳо гурӯҳи “D”, Ҷазираҳои Саломон, Италия, Парагвай ва Мексика дар гурӯҳи “F” ҷойгиранд. Дастаи наврасони Тоҷикистон шомили гурӯҳи “Е”-и мусобиқа шуда, бо тимҳои Камерун, Испания ва Аргентина бозӣ мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо ишироки миллипӯшони навраси мо дар шаҳри Кариасика баргузор хоҳад шуд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Тоҷикистон ягона даста аз миёни намояндагони ассотсиатсияҳои футболи Осиёи Марказӣ ва умуман собиқ кишварҳои пасошӯравист, ки ба чемпионати ҷаҳон миёни наврасон дар соли ҷорӣ роҳ ёфт.
Намод, рамз ва дигар унсурҳои расмии ин мусобиқа 10 июл рӯнамоӣ шуд. Тарҳи намоди он бо илҳом аз таърихи ғанӣ ва манзараҳои мухталифи кишвар, ки унсурҳои гуногунро дар бар мегирад, сохта шудааст. Растаниҳои васеъ онро бурда бо тӯб мепайванданд ва дар ниҳоят намоди умумии ҷоиза бо пайвастан ба яке аз иншоотҳои нотакрори меъмории Бразилия колисои ҷомеъи он шакли ҷоизаи мусобиқаро мегирад. 
Бозии аввали қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола 26-уми октябр соати 17:00 дақиқа бо вақти Бразилия, ки ба соати 01:00 шаби 27-уми октябр Душанбе баробар аст, бо дидори тимҳои Бразилия ва Канада дар шаҳри Бразилиа шуруъ мешавад.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳ ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд ва 4 тими беҳтарин бо ишғоли ҷойи сеюм имкони баромадан ба даври ҳазфиро пайдо мекунанд. Сипас бозиҳо тавассути низоми олимпӣ сурат гирифта, ғолибони ҷуфтҳо роҳи худро ба сӯйи қуллаи мақсуд идома медиҳанд. Рӯзи 17-уми октябр бо бозии финалӣ дар Бразилиа 18-умин чемпионати ҷаҳон миёни ин синну сол, ки бешак боз чанд чеҳраи навро барои футболи ҷаҳон муаррифӣ мекунад, хотима меёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив