LIVE

Шиносномаи Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон

То шуруи чемпионати ҷаҳон миёни наврасони то 17 сола дар кишвари Бразилия 5 рӯзи дигар боқӣ монд. Ҳоло мо аз таърихи роҳандозии ин мусобиқа ва саҳифаи дигари рангини он ба шумо маълумот медиҳем. 
Чемпионати ҷаҳон миёни наврасони то 17 сола зинаи нахустини мусобиқоти ҷаҳонии футбол маҳсуб ёфта, дар ду сол як бор баргузор мегардад. Дар оғози роҳандозии ин мусобиқа дар он наврасони то 16 сола иштирок мекарданд. Бори нахуст соли 1985 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин миёни ин синну сол қаҳрамонии ҷаҳон сурат гирифт, ки дар он мунтахаби Нигерия бо шикаст додани Олмон унвони қаҳрамониро соҳиб шуд. Аз соли 1991 сар карда, бо қарори ФИФА  синну соли иштирокчиён як сол боло бурда шуд. Дар давоми 20 соли аввали мусобиқа 16 даста ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ниҳоии ин мусобиқаро доштанд. Аз соли 2007 бошад то имрӯз шумораи иштирокчиёни Чемпионати ҷаҳон ба 24 адад мерасад.
Дастаи мунтахаби наврасони Нигерия бештар аз ҳама солҳои 1985, 1993, 2007, 2013 ва 2015, яъне 5 маротиба унвони қаҳрамониро дар ин мусобиқа ба даст овардааст. Дар миёни дастаҳои ғолиб инчунин тимҳои Бразилия, Гана, ИҶШС, Мексика, Фаронса, Арабистони Саудӣ, Швейтсария ва Англия низ ҳастанд.
Бори охир 6-28 октябри соли 2017 қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Ҳиндустон сурат гирифт, ки аз бисёр ҷиҳат нодир буд. Якум Ҳиндустон бори нахуст мизбони як чорабиние таҳти васояти ФИФА доир мешуда, интихоб шуд ва баъдан бунёдгузорони футбол бори нахуст қаҳрамони ин синну солро соҳиб шуданд. Мунтахаби Англия пас аз шикаст бо ҳисоби 2-0 дар қисми якум тавонист ба бозӣ баргашта бо натиҷаи 5-2 бар Испания ғалаба намояд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон бори нахуст соли 2007 иштирок кард. Шогирдони Пӯлод Қодиров дар як гурӯҳ бо Амрико, Белгия ва Тунис бозӣ карда, бо ишғоли ҷойи сеюм ба плей-офф баромаданд. Рӯзи 29-уми августи соли 2007 дар ҷараёни бозии даври 1/8 финал бо Перу футболбозони мо дар иҷроиши силсилазарбаҳои 11 метра шикаст хӯрда, иштироки худро дар мусобиқа хотима бахшиданд. Инак тақрибан баъди 12 солу 2 моҳ миллипӯшони навраси тоҷик дигарбора ба даври поёнии ЧҶ миёни футболбозони то 17 сола роҳ ёфтанд. Умед мебандем, ки футболбозони навраси тоҷик майдони ин мусобиқаи ҷаҳониро барои беҳтар муаррифӣ кардани футболи тоҷик ва худ ғанимат шуморида, кишварамонро ба таври арзанда намояндагӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив