LIVE

Салоҳ: «Тӯби тиллоӣ»-ро ба даст овард

Ҳамлавари «Ливерпул» - Муҳаммад Салоҳ  «Тӯби тиллоӣ»-ро дар чемпионати ҷаҳон байни бошгоҳҳо дар соли 2019 ба даст овард. Ин ҷойза ҳамасола ба беҳтарин футболбози мусобиқоти мазкур тақдим карда мешавад. Хабар медиҳад сомонаи расмии ФИФА. 
Ёдовар мешавем, ки дар бозии ниҳоии Чемпионати Чаҳон байни клубҳои футбол, ки дар Қатар сурат гирифт, «Ливерпул» дар варзишгоҳи «Халифа Интернешнл» бар «Фламенго» бо ҳисоби 1:0  ғалаба намуд. «Ливерпул» дар таърихи мавҷудияти хеш бори аввал Чемпиони Ҷаҳон гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив