LIVE

Замони баргузории Чемпионати Осиё оид ба футзал тағйир ёфт

Кофедератсияи футболи Осиё  қарори дубора ба таъхир гузоштани Чемпионати Осиё оид ба футзал 2020-ро баровард. Мусобиқаи қаҳрамонӣ мебоист аз 5-ум то 16-уми август дар шаҳри Ашхободи    Туркманистон баргузор мешуд. Вале бо дарназардошти авзои ҷаҳон ҳамакнун рақобатҳо аз 4-ум то  15-уми ноябри соли ҷорӣ роҳандозӣ мешаванд. Ёдовар мешавем, ки сараввал тибқи нақша Чемпионати Осиё оид ба футзал мебоист аз 26-уми феврал то 8-уми март  доир мегашт, вале бо сабаби хуруҷи корнавирус онро ба мавқуф гузошта буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив