LIVE

"Манчестер Сити" бо арзиши 100 млн евро ҳуҷумкунандаи нав меорад

Яке аз гаронтарин бозигарони ин равзанаи тобистонаи трансферӣ Бруну Гимарааши бразилӣ хоҳад буд, ки   100 млн фунт  арзиш дорад. Тибқи шартнома чунин нархномаро бозигар аз моҳи май то моҳи июн дорад ва сипас  “Нюкасл” худ нархи бразилиро баланд мекунад.  Чӣ тавре хабаррасон Фабрисио Романо хабар медиҳад, нархи гуфтагӣ танҳо вақти саршавии тобистон амал мекунад ва баъдан дигар “зоғон” рафти нархгузорӣ ва гуфтушунидҳоро назорат мебаранд. Пас яке аз харидорони асосии ин бозигар, ки “Мансити” мебошад аллакай аз аввалин рӯзҳои кушодашавии бозори тобистонаи трансферӣ метавонад даст ба кор шавад.  “Мансити” омода аст, ки ҳатто аз барои Бруну  117 млн евро тариқи се пардохт ба даст орад  – бо арзиши 39 млн евро се маротиба пули трансферӣ аз барои Гимараеш ба “Нюкасл” равон карда мешавад. Вале дар баробари Мансити нисбати Бруну ҳамчунин дастаҳои дигари бузурги англисӣ низ таваҷҷӯҳ доранд, вале мумкин пули пешниҳодашон ба мисоли “шаҳриён” бузург набошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив