«Интер», ки нияти навиштани шартнома бо ду дифоъгари марказӣ дар равзанаи тобистонаи трансферӣ мебошад, нисбати дифоъгари 22-солаи «Барселона» ва мунтахаби Испания Эрик Гарсия таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. Дар ин бора нашрияи испании Sport хабар медиҳад.
«Барселона» мехоҳад, ки гузариши пурраи бозигарро амалӣ кунад, аммо имконияти иҷорагирӣ бо ҳаққи харидориро низ барррасӣ мекунад. Каталониҳо дифоъгари хешро 10–15 млн евро наргузорӣ кардаанд. Барои «Барселона» то 30-юми июн зарур меояд, ки чанде аз бозигарони хешро фурӯшад, то ки ҳуқуқи сабтиномкунии бозигарони навро дар равзанаи тобистонаи трансферӣ пайдо кунад.
Худи Гарсия мехоҳад, ки дар бошгоҳи каталонӣ бимонад, аммо дар мавқеи дифоъ барояш Роналд Араухо, Андреас Кристенсен, Жюл Кунде ва бозигари нави «Барса» Инйиго Мартинес рақибони асосиянд.
Иттилоъ дода мешуд, ки «Интер» ҳамчунин метавонад дифоъгари дигари нилунориҳо Самуэл Юмтитиро ба даст орад, аммо варианти асосӣ барои «нерадзурри» бояд, ки Гарсия бошад. Гузариши мазкур аз қарори худи бозигар вобастагӣ дорад.