LIVE

Серж Гнабри аз "Бавария" рафтанист

“Бавария” ишора дорад, ки дар фурӯши Гнабри омода аст ва дилхоҳ пешниҳодро тайёр аст, ки мавриди баррасӣ қарор диҳад. Вале худи Серж Гнабри танҳо дар сурати омадани пешниҳод аз абардастаҳо омодаи рафтан аз Мюнхен мебошад.  Дастаи мюнехенӣ албатта, ки дар фурӯши бозигари 28-сола зид нест, вале қарори қатъӣ то ҳол дар ин самт набаровардааст. Аз як ҷониб Гнабри нафари маъруф дар утоқи либосивазкунӣ буда, ба қавли журналисти Sky Sport Deutschland Флориан Плеттенберг баровардани қарори ниҳоӣ оиди фурӯши ӯ мушкил хоҳад буд. Мӯҳлати шартномаи Серж Гнабри бошад то тобистони соли   2026 буда, ин мавсим бозигари олмонӣ  662 дақиқа дар давоми 17 бозӣ дар майдон буд, 5 голу як партофти голӣ ба омор гирифт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив