LIVE

Голи аввалини Бензема дар соли 2024 ва роҳхат ба финали Суперҷоми Арабистони Саудӣ

Дар даври нимниҳоии Суперҷоми Арабистони Саудӣ «Ал-Иттиҳод» бар тими «Ал-Ваҳда» пирӯз шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Ал - Наҳян»-и шаҳри Абу-Дабии АМА баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.
Карим Бензема дар дақиқаи 1-уми бозӣ аз ҳайати “Ал-Иттиҳод” ҳисобро боз кард. Ин голи аввалини Бензема дар соли 2024 буд. Голи дигари дастаи шаҳри Ҷиддаро Абдураззоқ Ҳамдулло марбути номи хеш кард.
Ёдовар мешавем, ки "Ал-Иттиҳод" рӯзи 11-уми апрел дар бозии ниҳоии Суперҷоми Арабистони Саудӣ бо тими "Ал-Ҳилол" бозӣ мекунад.
Қобили қайд аст, ки Бензема нахустин голи худро дар 2024-ум ⚽ба самар расонид. Силсилаи беголи Карим аз 15-уми декабри соли гузашта идома ёфта, дар ин бозӣ аллакай фаронсавӣ дар дақиқаи якумини бозӣ голзанӣ кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив