LIVE

Хави метавонад дар «Барселона» бимонад

Дар «Барселона» оиди идомадиҳии ҳамкорӣ бо сармураббии феълии дастаи каталонӣ Хави иштиёқманд мебошанд.
Чӣ  тавре журналист Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, роҳбарияти «Барселона» то ҳол бо яке аз мураббиён оиди ҳамкорӣ ба тавофуқ нарасидааст, зеро мехоҳад ҳамкориҳоро бо Хави идома диҳад. Дар бошгоҳ талош мекунанд, ки Хавиро розӣ намоянд то дар даста боқӣ бимонад.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи январ Хави изҳор намуд, ки дастаи каталониро бо анҷоми мавсими ҷорӣ тарк мекунад. Баъди ин муттахассис чандин бор назди журналистон оиди рафтанаш аз  «Барселона» тасдиқ намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив