LIVE

Почеттино номи беҳтарин бозигари «Челси»-ро гуфт

Сармураббии «Челси» Маурисио Почеттино номи беҳтарин бозигари дастаи лондониро номбар кард.
«Палмер – беҳтарин бозигари «Челси»? Ин рӯшан аст. Ӯ барои ҳамаи дигарон намуна аст. Шумо метавонед аҳамият диҳед, ки вақте даста дучори мушкилот аст, бозигарон бештар за ҳама ба Палмер тӯб ирсол мекунанд», – иқтибос меорад аз суханони Почеттино Goal.
Палмер дастпарвари «Манчестер Сити» буда, нимҳимоягар ба сафи «Челси» охирин рӯзи равзанаи тобистонаи трансферӣ бар ивази 47 млн евро гузариш анҷом дода буд. Мавсими ҷорӣ нимҳимоягар дар сафи  лoндониҳо 38 бозӣ гузаронида,  18 голу  12 партофти голӣ ба омор гирифтааст. Шартномаи футболбоз бо тими лондонӣ то охири моҳи июни соли 2030 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии футболбоз бошад тибқи иттилоъи сомонаи Transfermarkt  55 млн евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив