LIVE

Истеъдоди 16-солаи «Реал» аз Мадрид рафтанӣ аст

Нимҳимоягари «Реал» Пауло Яго метавонад тими мадридиро тарк намояд. Дар ин бора Relevo хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъи сарчашма бозигари 16-солаи «Реал» Яго аз муносибати бошгоҳ нисбати хеш нигарон аст ва вариантҳои дигари идомаи маснади варзиширо баррасӣ мекунад. Хабар дода мешавад, ки иштиёқ нисбати ин бозигар аз ҷониби бошгоҳҳои Олмон, Фаронса, Англия ва Испания мушоҳида мешавад.
Яго шомили тими ҷавонони «Реал» аз моҳи июли соли 2023 буда, дар ҳайати асосӣ ва эҳтиётӣ ягон бозӣ нагузаронидааст. Ғайр аз ин, мавсими ҷорӣ ӯ на ҳама вақт шомили ҳайати  дастаи ҷавонони то 19-сола таҳти роҳбарии  Алваро Арбелоа мешуд. Шартномаи ӯ бо «Реал» то анҷоми мавсими-2024/2025 мӯҳлат дорад.
Пауло Яго — бозигари мунтахаби Испания миёни 17-солаҳо буда, дар сафи ҳашт бозӣ ва ду гол дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив