LIVE

Томас Мюллер метавонад ба «Манчестер Юнайтед» гузариш анҷом диҳад

Нимҳимоягари «Бавария»-и Мюнхен Томас Мюллер метавонад дар сафи «Манчестер Юнайтед» идомаи маснади варзишӣ намояд, хабар медиҳад Get German Football News.
Ба иттилоъи сарчашма «Манчестер Юнайтед» метавонад нисбати ин бозигари олмонӣ иштиёқро барқарор намояд, агар ӯ оиди шартномаи нав бо «Бавария» ба тавофуқ расида натавонад.
Қайд карда мешавад, ки «Манчестер Юнайтед» ҳанӯз моҳи  январ нисбати Мюллер мароқ зоҳир намуда буд, аммо олмонӣ дар гузариш ба чемпионати Англия иштиёқманд набуд. Бо вуҷуди ин худи сармураббии «Манчестер Юнайтед» Эрик тен Хаг  бовар дорад, ки бо таҷрибаи ин бозигар метавон ба роҳи дуруст баргашт,  нисбати Мюллер тавваҷҷӯҳ намуд.
Худи футболбози 34-сола мехоҳад ҳадди ақал то соли 2025 дар сатҳи Лигаи чемпионҳо идомаи маснади варзишӣ намояд ва маҳз ба ин хотир аз иртиботи бузург бо тимҳои МЛС Арабистони Саудӣ даст кашид, зеро мароми ӯ боқӣ мондан дар «Бавария» буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив