LIVE

Тяго Алкантара «Ливерпул»-ро тарк мекунад

Нимҳимоягари «Ливерпул» Тяго Алкантара баъди анҷоми мавсими-2023/2024 тими англисиро тарк мекунад. Дар ин бора TEAMtalk иттилоъ медиҳад.
Ба иттилоъи сарчашма «Ливерпул» ва Тяго Алкантара шартномаеро, ки мӯҳлаташ моҳи июни соли 2024 анҷом меёбад, тамдид нахоҳанд кард. Қайд карда мешавад, ки «сурхҳо» аз шумораи зиёди ҷароҳатҳои бозигари испанӣ норизо мебошанд. Онҳо дарк мекунад, ки захмҳои пайваста таъсири эҳтимолии Тягоро ба бозии даставӣ кам мекунанд. Яке аз вариантҳои идомаи маснади варзишӣ барои Алкантара метавонад «Барселона» бигардад ва бозигар ҳам дастпарвари ин тим аст.
Тяго Алкантараи  32-сола аз моҳи сентябри соли 2020 дар сафи «Ливерпул» баромад дошта, мавсими ҷорӣ нимҳимоягари мунтахаби Испания бор ҳам ба майдон наомадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив