LIVE

Энфилд Тиягоро истиқбол гирифт

Ниммуҳофизатгари бошгоҳи "Бавария"-и Олмон, Тияго Алкантара ба дастаи "Ливерпул"-и Англия пайваст. Дар ин бора сомонаи дастаи "Ливерпул" расман иттилоъ дод. Хабар дода мешавад, ки маблағи гузариши футболбози 29-сола 20 миллион фунт ва 5 миллиони дигар иловапулиро ташкил медиҳад. Шартномаи ҳамкории Тияго бо "Ливерпул" то соли 2024 баста шудааст. Дар мавсими солҳои 2019/20 Тиаго дар ҳайати "Бавария" дар Бундеслига 24 бозӣ гузаронида, 3 гол ба самар расонидааст. Тияго Алкантара дастпарвари бошгоҳи "Барселона" буда, баъд аз ба ҳайати асосии тим шомил нашудан, Каталоняро ба Мюнхен иваз карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив