LIVE

Гузариши Алкантара ба “Ливерпул” амалӣ мешавад

“Ливерпул” бо тими мюнхенӣ дар бораи гузариши футболбози 29-солаи испанӣ ба мувофиқа расид. Гузариши мазкур тақрибан 30 миллион евроро дар бар хоҳад гирифт. 
Баъд аз аз он, ки роҳбарияти “Бавария” изҳор доштанд, ки ин гузариш бояд  пеш аз оғози маросими қуръакашии мавсими нави Бундеслига амалӣ карда шавад, кор ранги дигар гирифт.  Ёдовар мешавем, ки дар охири мавсими гузашта Алкантара хоҳиши тарк кардани “Бавария”-ро кард. Нимҳимоятгар дар ин бора роҳбарияти клубро қаблан огоҳ карда буд.
Тиаго дастпарвари “Барселона” буда,  аз соли 2008 то 2013 дар ҳайати бошгоҳи катлонӣ баромад карда, баъдан ба “Бавария” кӯчид. Дар мавсими гузашта ӯ дар 24 бозии Бундеслигаи Олмон ширкат варзида, 3 гол ба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив