LIVE

Филиппе Коутиню ба дастаи собиқи худ бармегардад

Ҳамлавари бразилии дастаи «Барселона» - Филиппе Коутиню, ки феълан дар ҳайати «Бавария» ба ҳайси иҷора бозӣ мекунад, хоҳиши бозгашт ба тими «Ливерпул»-ро дорад. 
Форвард аллакай бо сармураббии «Ливерпул» - Юрген Клопп дар тамос буда, хабари бозгаштанро ба тими собиқаш расонидааст. Гуфта мешавад, ки  Филиппе ҳатто барои коҳиш додани музди маошаш низ розигӣ додааст. Роҳбарияти «Барселона» дар мавсими трансферии тобистона ҳарчӣ зудтар мехоҳад, ки аз Коутиню халос шаванд. 
Коутиню дар ҳайати «Ливерпул» аз соли 2013 то 2018 бозӣ карда, баъдан бо «Барселона» то соли 2023 қарордод баст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив