LIVE

Коутиню ба назди мураббии собиқаш меравад

Аз миёни дастаҳои зиёде, ки хоҳиши ҷалби футболбози бразилии “Барселона” - Филиппе Коутиню  доранд, боз як тими дигари Англия  - “Лестер” низ ҳавасмандии худро изҳор дошт. Ниммуҳофизатгари бошгоҳи испании «Барселона» - Фелиппе Коутиню имкон дорад, ки корномаи хешро дар тими футболи «Лестер» идома диҳад. Футболбози мазкур замони дар “Ливерпул” буданаш бо сармураббии кунунии “Лестер” - Брендан Роҷерс кор кардааст ва ҳамдигарро хуб мешиносанд. Ба иттиллои сомонаи Diario Sport бошгоҳи англисӣ мақсади ба иҷора гирифтани Коутинюро дорад ва дар оянда бо ӯ қарордоди ҳамкории мукаммал бастан мехоҳад. Дар мавсими ҷорӣ Коутиню ба симати бозикуни иҷоравӣ дар ҳайати тими “Бавария”-и Олмон бозӣ мекунад. Ҳамчунин ба ин футболбози “Барселона” тимҳои “Тоттенхем” ва “Арсенал” - и шаҳри Лондон низ таваҷҷӯҳ доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив