LIVE

Коутиню ба «Барса» бармегардад

Ниммуҳофизатгари «Барселона» - Филиппе Коутиню ба Каталония дубора бармегардад.  Қаблан хабар дода шуд, ки «Бавария» аз иҷрои як банди шартнома  бо «Барселона», ки баъд аз иҷора  Филипперо харидорӣ мекард, даст кашидааст. Ҳамчунин Коутиню дар нақшаи сармураббии нави дастаи каталонӣ - Кике Сетйен низ шомил нест. «Бавария» мақсад дорад, ки ҳарчӣ зудтар футболбози бразилиро ба соҳиби аслиаш баргардонад. Ба ҳамин хотир Филиппе Коутиню имкон дорад, ки қисмати дуюми мавсимро дар «Барселона» сипарӣ намояд. Гуфта мешавад, ки футболбози бразилиро зарур аст, ки барои худ дастаи нав ҷустуҷӯ намояд. Ягона умеди дубора фаъол сохтани фаъолияти футболкориаш ин бозгашт ба Премйер лигаи Англия мебошад.  Ба ӯ қаблан дастаҳои «Манчестер Юнайтед», «Челси» ва «Ливерпул» таваҷҷуҳ доштанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Филиппе Коутиню имкон дорад, ки ба дастаи «Арсенал» гузариш намояд. Соли 2018 «Барселона» барои ин футболбозаш 106 млн фунт ба  «Ливерпул» пардохт кард, аммо Филип дар ҳайати асосии клуби каталонӣ мавқеъ пайдо карда натавонист.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив