LIVE

"Ливерпул" Тиягоро ройгон ба даст оварданист

"Ливерпул" ва "Бавария" дар бораи шартҳои гузариши Тияго Алкантара ба мувофиқа расида наметавонанд. Ба гуфтаи журналисти The Guardian Фабрисио Романо, дастаи англисӣ намехоҳад, ки барои Тияго 30 миллион евро пардохт кунад, зеро "мерсисайдиҳо" медонанд, ки баъди панҷ моҳ қарордоди футболбози испанӣ ба охир мерасад ва онҳо метавонанд, ӯро ройгон ба даст оранд. Қаблан хабар дода буданд, ки ниммуҳофизатгари испанӣ розӣ аст, то бо "Ливерпул" қарордоди 4 соларо ба имзо расонад ва ҳатто хабарҳое ҳам буданд, ки гӯё Тияго дар Англия хона харидааст. Бояд гуфт, ки мӯҳлати қарордоди Тияго бо "Бавария" соли 2021 ба охир мерасад. Футболбози испанӣ дар мавсими гузаштаи Бундеслига 3 маротиба ба майдон баромада, ба задани 3 гол низ мушарраф гардидааст.
Таҳияи Маҳмадназар Наҷбуддинов

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив