Нимҳимоятгари бошгоҳи "Бавария" - Тяго Алкантара барои тамдид шартномаи ҳамкорӣ бо дастаи олмонӣ ба мувофиқа расидааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо муҳлати қарордоди нав то тобистони соли 2023 дар назар аст. Ҷузъиёти дигари қарордод расонаӣ нашудааст. Ёдовар мешавем, ки ин футболбози испанӣ дастпарвари бошгоҳи "Барселона" буда, аз соли 2013 инҷониб дар "Бавария" ҳунарнамоӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ Алкантара 32 бозӣ анҷом дода, 3 гол ва 2 партофти головар анҷом додааст. 
