LIVE

«Манчестер Юнайтед» дар талоши харидории ҳамлавари «Реал Мадрид»

«Манчестер Юнайтед» мехоҳад ҳамлавари «Реал» Хоселуро ба даст орад. Дар ин бора Relevo хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъи сарчашма намояндагони «девони сурх» дар Мадрид буданд ва нисбати вазъ атрофи ҳамлавар иштиёқ доштанд. Вале худи   Хоселу мехоҳад дар сафи «бланкос» бимонад. Чӣ тавре хабар дода мешавад муттахассисони бошгоҳи англисӣ мехоҳанд хати ҳимояро бо варианти эҳтиётӣ барои  Хойлунд дар симои Хоселу пурқувват намоянд. Ин бозигар ба кулли хислатҳои талаботӣ ҷавобгар аст: бозигари тарҷибадор бо омодагии хуби ҷисмонӣ, имконияти бозӣ намудан аз қафо ҷониби дарвоза ва зарбаи қавӣ.
Дар бошгоҳ бар онанд, ки Хоселу метавонист дастгирии идеалиро барои Хойлунди  21-сола дар майдон ва берун аз он таъмин намояд. Махсусан бо дарназардошти таҷрибаи бозӣ дар   «Реал» дар Премер-лига ӯ лозим хоҳад буд. Бозигари испанӣ се сол дар ПЛА гузаронида, дар сафи «Сток Сити» ва «Нюкасл Юнайтед» баромад мекард.
Ин мавсим Хоселу дар ҳайати «Реал» 38 бозӣ гузаронида, 13 голу се партофти голӣ ба омор гирифтааст. Тибқи иттилоъи сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз  5 млн евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив