Роҳбарияти «Реал»-и Мадрид имконияти бозгардонидани дифоъгари «Манчестер Юнайтед» Рафаэл Варанро, ки пештар дар сафи «бланкос» баромад мекард, баррасӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи испании El Larguero дар шабакаи иҷтимоии Х (пештар Twitter) хабар медиҳад.
Ба иттилоъи сарчашма иштиёқи тими мадридӣ нисбати Варан баъди ҷароҳати Давид Алаба зиёд шудааст.
Ёдрас мекунем, ки Варан дар масири даҳ сол бозигари «Реал» буд: аз соли 2011 то соли 2021. Дар ин даврон дифоъгари фаронсавӣ дар 360 бозии ҳамаи мусобиқаҳо ширкат варзида, 17 голу ҳафт партофти голӣ ба омор гирифтааст. Варан бо ҷониби мадридӣ ғолиби чоркаратаи Лигаи чемпионҳо, се маротиб ғолиби чемпионати Испания шуда, ҳамчунин як маротибаи дигар Ҷоми Испанияро тори сар бардоштааст.
