LIVE

«Манчестер Юнайтед» баҳри Дани Олмо бо «Реал» ва «Сити» мубориза мебарад

«Манчестер Юнайтед» имконияти ба даст овардани нимҳимоягари ҳуҷумкори 25-солаи «РБ Лейпсиг» Даниэл Олморо баррасӣ мекунад. Дар ин бора Daily Mail иттилоъ медиҳад.
Бино ба маълумоти манбаъ баҳри футболбози испанӣ «девони сурх» бо рақобат аз ҷониби  «Реал», «Манчестер Сити» ва  ҳамчунин «Тоттенхэм» ва «Челси» вомехӯранд.
Пештар журналисти маъруф Фабрисио Романо иттилоъ дода буд, ки дар равзанаи навбатии трансферӣ нуқтае дар қарордоди кории Олмо оиди нархи 60 млн евро ба кор медарояд.
Ёдовар мешавем, ки  мавсими ҷорӣ  Олмо 19 маротиба дар ҳамаи мусобиқаҳо ба майдон омада, бо ҳафт голу чор партофти голӣ аз майдон берун шудааст. Қарордоди кории бозигар бо бошгоҳаш то тобистони соли 2027 мӯҳлат дорад. Тибқи иттилоъи майдошуда дар сомонаи  Transfermarkt  арзиши бозории футболбоз 50 млн евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив