LIVE

«Манчестер Юнайтед» Санчоро бар ивази 50 млн евро фурӯхтанист

«Манчестер Юнайтед» мехоҳад нимҳимоягари даста  Ҷейдон Санчоро ба фурӯш барорад.
Чӣ тавре нашрияи  Daily Mail иттилоъ медиҳад тими англисӣ метавонад бар ивази 52 млн евро бо бозигари 23-солааш хайрухуш  кунад.
Пештар хабар дода мешуд, ки нисбати ин бозигар «Тоттенхэм» таваҷҷӯҳ кардааст.
Ба сафи «Манчестер Юнайтед» Санчо тобистони соли 2021 аз  «Боруссия»-и Дортмунд гузариш намуда, дар мавсими сипаришудаи-2022/2023 нимҳимоягар 26 бозӣ дар сафи «девони сурх» гузаронид ва бо шаш голу се партофти голӣ аз майдон берун шуд.
Ду сол пеш бошад «Ман Юнайтед» ба «Боруссия» баҳри ба даст овардани Ҷейдон Санчо қариб   85 млн евро пардохт намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив