LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон зидди Арабистони Саудӣ бо пироҳанҳои сурх бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G»-ро муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ бо либоси сурх анҷом медиҳад.

Дар остонаи бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар шаҳри Риёз ҷаласа баргузор шуд. Дар ҷамъомад ранги либоси дастаҳо тасдиқ гардид: пагоҳ мунтахаби Тоҷикистон бо либоси сурх ва тими миллии Арабистони Саудӣ бо либоси сафед ба майдон мебароянд.

Қобили зикр аст, ки бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни мунтахабҳои Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 21-уми март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд доир гашта, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив