LIVE

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дигарбора ба Қатар меравад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи март қабл аз бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими Арабистони Саудӣ дар шаҳри Давҳа ҷамъомади даҳрӯза анҷом медиҳад.

Дастаи мо аз 9 то 18 март дар Қатар тамрин мекунад. Бегоҳи 18-уми март тими Тоҷикистон аз Давҳа барои анҷоми бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими Арабистони Саудӣ ба Риёз сафар мекунад. Ин вохӯрӣ 21-уми март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Сипас, тими миллии Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва дар майдони худ бо мунтахаби Арабистони Саудӣ бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро анҷом медиҳад. Ин рақобат рӯзи 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив