LIVE

Фурӯши чиптаҳои бозӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оғоз шуд

Фурӯши чиптаҳои бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оғоз шуд.

Чиптаҳои категорияи якуми нишастгоҳҳои Ғарбӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) 100 сомонӣ арзиш доранд. Барои се тарафаи дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар як чипта 30 сомонӣ муқаррар шудааст. Нархи чиптаҳои VIP 500 сомонӣ мебошад. Чиптаҳоро дар платформаи echipta.tj (https://echipta.tj/groups_event.php?group_id=1297&org=33&date=2024-03-26) дастрас кардан мумкин аст.

Қобили зикр аст, ки бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив