LIVE

Бозии мунтахаби Тоҷикистон зидди Арабистони Саудӣ имрӯз доир мешавад

Имрӯз, 21-уми март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауди шаҳри Риёз бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи “G” миёни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вохӯрии дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон соати 23:59 – ба вақти Душанбе шуруъ мегардад.

Пас аз ду даври марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Арабистони Саудӣ бо шаш имтиёз дар гурӯҳи «G» пешсаф аст. Яккачини Тоҷикистон чор хол дорад.

🏆 Ҷоми ҷаҳон-2026. Марҳилаи интихобӣ
✅ Даври дуюм. Гурӯҳи «G»
⚽️ Даври 3
📅 21 март (панҷшанбе)
⌚️ Оғоз – соати 23:59 ба вақти Душанбе
🇸🇦 Арабистони Саудӣ – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
🏟 Риёз, Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳи Сауд

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив