LIVE

Имрӯз мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими А. Саудӣ вомехӯрад

Дар Ҷидда имрӯз, 8-уми июн бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки шомили гурӯҳи «А» аст, бо мизбони мусобиқот – тими Арабистони Саудӣ вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии даври аввали ин мусобиқа шогирдони Пайрав Воҳидов аз мунтахаби Лубнон бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст хӯрданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив