LIVE

Бозии рӯз: Ҷоми Осиё (U-23) Тоҷикистон - АМА

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) имрӯз,6-уми июн, дар Ҷоми Осиё-2022 дар Ӯзбакистон бозии дувумро анҷом медиҳад. Дастаи мо дар чаҳорчуби даври дуввум дар гурӯҳи “D” бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд соати 20:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад. Шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» ин бозиро мустақиман намоиш медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки футболбозони ҷавони кишвари мо дар дидори аввали гурӯҳӣ аз Арабистони Саудӣ бо 5 голи беҷавоб шикаст хӯрд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив