LIVE

Имшаб "Истиқлол" бо "Ал-Ҳилол" бозӣ мекунад

Дар шаҳри Риёз имрӯз, 19-уми апрел, бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар гурӯҳи «А» баргузор мешаванд.
Қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 то ҳол имтиёзе ба даст наовардааст, бо ғолиби феълии мусобиқа бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ вомехӯрад. Се рӯз қабл аз ин қаҳрамони Арабистони Саудӣ бошгоҳи шаҳри Душанберо бо натиҷаи 1:0 шикаст дод. Оё «Истиқлол» метавонад аз «Ал-Ҳилол» интиқом бигирад ва дар мусобиқот имтиёзи аввалро ба даст орад ё не, имшаб хоҳем фаҳмид.
Вохӯрии «Истиқлол» ва «Ал-Ҳилол» дар варзишгоҳи «Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд»-и Риёз баргузор шуда, соати 23:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 1:15, 20 апрел ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Шабакаи телевизионии «Варзиш» ин бозиро мустақиман намоиш медиҳад.
 
Лигаи чемпионҳои КФО-2022
Гурӯҳи «А». Даври 4-ум
20 апрел (чоршанбе)
Бозӣ соати 01:15 ба вақти Душанбе оғоз мешавад
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)
Риёз, Варзишгоҳи «Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд»

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив