LIVE

Бозии рӯз: Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Ӯзбекистон вомехӯрад

Дар доираи қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал дар Кувайт имрӯз, 29-уми сентябр бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ баргузор мешаванд.

Дар даври дуввум дар чаҳоргонаи «В» мунтахаби Тоҷикистон, ки дар оғози Ҷоми Осиё-2022 бар Баҳрайн (4:3) пирӯз шуд, бо тими миллии Ӯзбекистон вомехӯрад. Бозӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Пахши мустақими бозиро шабакаи телевизионии «Варзиш» ба роҳ мемонад.

Ба футзалбозони тоҷик барор хоҳонем!

🏆 Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал
⚽️ Гурӯҳи «В». Даври 2
📆 29 сентябр (панҷшанбе)
⏰ Бозӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇺🇿 Ӯзбекистон
🏟 Кувайт, Маҷмааи варзишии Саъд ал Абдулло

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив