LIVE

Ғалабаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бар Баҳрайн

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав  Воҳидов қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022-ро бо пирӯзӣ оғоз кард.

Футзалбозони Тоҷикистон дар даври аввали гурӯҳи “В” бар тими миллии Баҳрайн бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд. Голҳои Умед Кузиев, Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров ба тими мо дар оғози Ҷоми Осиё-2022 се имтиёз оварданд.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «В» мунтахаби Ӯзбекистон бар тими Туркманистон бо ҳисоби 8:0 зафар ёфт.

Дар даври дуюми Ҷоми Осиё-2022 рӯзи 29 сентябр тими миллии Тоҷикистон бо тими  Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал
Гурӯҳи «В». Даври 1
Баҳрайн — ТОҶИКИСТОН — 3:4
Голҳо: Умед Кузиев, 7 (0:1). Аммор Ҳасан Алӣ, 11 (1:1). Бахтиёр Солиев, 22 (1:2). Файзалӣ Сардоров, 23 (1:3). Аҳмад Муҳаммад Антор, 33 (2:3). Идрис Ёров, 38 (2:4). Ҷассам Солеҳ Анан, 38 (3:4).
27 сентябр. Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдулло».

Ӯзбекистон — Туркманистон — 8:0

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив