LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бар бошгоҳи «Малиҳа» пирӯз шуд

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб нахустин бозии санҷиширо анҷом дод.

Ҳарифи дастаи мо дар бозии дӯстона бошгоҳи футзали «Малиҳа» буд, ки дар чемпионати Амороти Муттаҳидаи Араб баромад мекунад. Вохӯрӣ бо ҳисоби 4:1 бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мо Идрис Ёров дубл анҷом дод. Файзалӣ Сардоров ва Дилшод Саломов як голии дигар заданд.

Дастаи Пайрав Воҳидов бозии навбатии санҷишии худро дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 22 сентябр анҷом медиҳад. Рақиб баъдан муайян мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Баҳрайн (27 сентябр), Ӯзбекистон (29 сентябр) ва Туркманистон (1 октябр) мебошанд.

Бозии санҷишӣ
«Малиҳа» (АМА) – Мунтахаби Тоҷикистон – 1:4
Голҳои Тоҷикистон: Идрис Ёров (2), Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов.
Дастаи Тоҷикистон (панҷгонаи аввал): Фирӯз Бекмуродов, Рустам Ҳамидов, Собирҷон Гуляков, Муҳаммадҷон Шарифов, Умед Кузиев.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив