LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими Ӯзбекистон се бозии дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо тими миллии Ӯзбекистон се бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Рӯзҳои 14, 15 ва 17 июл дар Ҷиззах бозиҳои дӯстона миёни футзалбозони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дастаи футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов рӯзи 7 июл дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистон омодагиро ба бозиҳои дарпешистода оғоз мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» ҳунарнамоӣ мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои миллии Баҳрайн (27 сентябр), Ӯзбекистон (29 сентябр) ва Туркманистон (1 октябр) мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив