LIVE

Ғалабаи бузурги мунтахаби футзали Тоҷикистон бар Непал дар Ҷоми Осиё-2022

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар Бишкек тими миллии Непалро бо ҳисоби калони 11:1 шикаст дод.

Аз ҳайати тими мо Файзалӣ Сардоров хет-трик анҷом дод.  Идрис Ёров,  Умед Кузиев, Шавкат Ҳалимов ва Самандар Ризомов муаллифи як дублӣ шуданд. 
Пагоҳ, 12 апрел, дар даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ соати 10:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022
Минтақаи марказӣ ва ҷанубӣ. Гурӯҳи «В». Даври 2

Непал — ТОҶИКИСТОН — 1:11
Голҳо: Бишвас Паудел, 2 (1:0). Идрис Ёров, 7 (1:1). Умед Кузиев, 21 (1:2). Файзалӣ Сардоров, 25 (1:3). Файзалӣ Сардоров, 31  (1:4). Файзалӣ Сардоров, 32 (1:5). Шавкат Ҳалимов, 32 (1:6). Шавкат Ҳалимов, 33 (1:7). Умед Кузиев, 33 (1:8). Самандар Ризомов, 36 (1:9). Самандар Ризомов, 37 (1:10). Идрис Ёров, 37 (1:11).
Пеналтиро ба самар расонида натавонист: Файзалӣ Сардоров (Тоҷикистон), 17 (тӯб ба паҳлӯи дарвоза бархӯрд)
Аз майдон хориҷ карда шуд: Некрӯз Алимаҳмадов (Тоҷикистон), 16. Биҷай Шрестха (Непал), 17.
11 апрел. Бишкек. Маҷмааи варзишии «Газпром-Арена».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив