LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 бо Афғонистон мусовӣ кард

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии якуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар Бишкек бо тими миллии Афғонистон натиҷаро мусовӣ (4:4) кард.
Шогирдони Пайрав Воҳидов бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд, вале баъдан ба дарвозаи худ чаҳор тӯб сар доданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар охири бозӣ фишорро ба дарвозаи рақиб зиёд карда, бо шарофати дубли Идрис Ёров тавонист ҳисобро баробар намояд.
Дар бозии дигари гурӯҳи «В» мунтахаби Ӯзбекистон бар тими Непал бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд.
Пагоҳ, 11 апрел, тими миллии Тоҷикистон бо Непал бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 10:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Бояд гуфт, ки ду даста аз гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбад.
 
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал
Минтақаи марказӣ ва ҷанубӣ. Гурӯҳи «В». Даври 1
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон – 4:4
Голҳо: Муҳаммадҷон Шарифов, 1 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 24 (2:0). Фарзод Маҳмудӣ, 25 (2:1). Абдулғафор Содиқӣ, 26 (2:2). Ризо Каримӣ, 27 (2:3). Ҳомид Ризо Ҳусайнӣ, 34 (2:4). Идрис Ёров, 37 (3:4). Идрис Ёров, 40 (4:4).
10 апрел. Бишкек. Маҷмааи варзишии «Газпром-Арена». 150 тамошобин.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив