LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Гурҷистон рафт

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон субҳи барвақт тавассути хатсайри Дубай барои бозии дӯстона бо тими миллии Гурҷистон ба Тифлис парвоз кард.

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов 15 бозигар  бо худ ба Гурҷистон бурд. Рӯзҳои 15-16 январ дар Тифлис бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Гурҷистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд. Барои мунтахаби Гурҷистон бозиҳои дӯстона бо Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба мусобиқоти футзали Аврупо-2022 хоҳад шуд, ки дар он тими Гурҷистон дар гурӯҳи "D" дар якҷоягӣ бо тимҳои миллии Испания, Озарбойҷон ва Босния ва Ҳерсеговина бозӣ мекунад.

Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи ягонаи марказӣ ва ҷанубӣ тимҳои Ӯзбекистон, Афғонистон ва Непал хоҳанд буд. Даври интихобӣ аз 12 то 14 апрел дар Бишкек баргузор мешавад.

 
Ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Гурҷистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов («Истиқлол»), Хушбахт Исоев («Соро»);

Бозигарони майдон: Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарифов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов (ҳама – «Соро компания»), Умед Кузиев, Парвиз Раҳматов, Собирҷон Гуляков (ҳама – «Сипар»), Рустам Ҳамидов (Оқжетпеси Қазоқистон), Самандар Ризомов, Насратшо Исмоилов (ҳама - «Истиқлол»), Дилшод Саломов («Рахш-Такси»).

Сармураббӣ - Пайрав Воҳидов.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив