LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи Гурҷистон бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов омодагиҳоро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оғоз кард.

Барои нахустин ҷамъомади таълимиву тамринии имсола, ки даҳ рӯз идома хоҳад кард, 2 дарвозабон ва 13 бозигар даъват шудаанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо тими миллии Гурҷистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯрихо 15 ва 16 январ дар Тбилиси барпо мегарданд.

Қобили зикр аст, ки тими миллии футзали Тоҷикистон рақибони худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 6 январ маълум хоҳад кард. Дастаи мо дар минтақаи ягонаи марказӣ ва ҷанубӣ баромад мекунад, бозиҳои он аз 1 то 15 апрел дар Бишкек барпо мегарданд. 

 
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов («Истиқлол»), Хушбахт Исоев («Соро»);

Бозигарон: Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарифов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов (ҳама – «Соро компания»), Умед Қӯзиев, Парвиз Раҳматов, Собирҷон Гуляков (ҳама – «Сипар»), Рустам Ҳамидов (Оқжетпеси Қазоқистон), Самандар Ризомов, Насратшо Исмоилов (ҳама - «Истиқлол»), Дилшод Саломов («Рахш-Такси»).

Сармураббӣ - Пайрав Воҳидов.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив