LIVE

Хет-трики Сардоров низ Тоҷикистонро аз бохт наҷот надод

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дирӯз дар маҷмааи варзишии «Газпром»-и Бишкек дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо тими миллии Қирғизистон бозии дӯстона баргузор кард.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ сурат гирифта, аз ду қисми 25 дақиқагӣ иборат буд. Ҷараёни дидор бисёр ҷолиб шуда, бо ҳисоби 6:5 ба фоидаи футзалбозони Қирғизистон анҷом ёфт. Аз ҳайати тими миллии мо Файзалӣ Сардоров ба номаш хет-трик сабт кард. Некрӯз Алимаҳмадов ва Идрис Ёров як голии дигар заданд.
Қобили зикр аст, ки дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, ки аз 10-ум то 12-уми апрел дар Бишкек баргузор мешавад, тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» баромад мекунад. Ҳарифи дастаи мо мунтахабҳои Афғонистон (10 апрел), Непал (11 апрел) ва Ӯзбекистон (12 апрел) хоҳанд буд. Ду дастаи беҳтарин аз гурӯҳ ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив