LIVE

Нокомиҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона

Дар марҳилаи аввали омодагӣ ба  мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 10-ум то 12 апрел дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир мешавад,  мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Гурҷистон ду бозии дӯстона анҷом дод.   Бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Гурҷистон ва Тоҷикистон рӯзҳои 15-16 январ дар Тифлис баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон – 6:2 ва 10:1 анҷом ёфтанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозиҳои дӯстона бо Гурҷистонро бидуни сармураббӣ Пайрав Воҳидов ва ҳамчунин як идда бозигарон анҷом дод - натиҷаи  ташхиси онҳо барои сирояти коронавирус, ки дар Тифлис гирифта шуд,  шубҳанок баромад. Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022  дастаи  Тоҷикистон дар минтақаи ягонаи марказӣ ва ҷанубӣ баромад мекунад. Рақибони дастаи мо дар гурӯҳи «В» дастаҳои Афғонистон (10 апрел), Непал (11 апрел) ва Ӯзбекистон (12 апрел) хоҳанд буд. Ду даста аз гурӯҳ ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбанд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив