LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Тбилиси тамринҳояшро оғоз кард

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки 12 январ барои баргузории бозиҳои дӯстона ба Гурҷистон сафар кард, аввалин тамринҳои худро доир намуд.  Машғулияти яккачини футзали кишвар  дар Қасри варзиши Тбилиси барпо гардид. Ёдовар мешавем, ки сармураббӣ Пайрав Воҳидов ба бозиҳои дӯстона 15 бозигар – 2 дарвозабон ва 13 бозигари майдон, аз ҷумла Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарифов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов, Хушбахт Исоев (ҳама – «Соро компания»), Умед Кузиев, Парвиз Раҳматов, Собирҷон Гуляков (ҳама – Сипар), Рустам Ҳамидов («Оқжетпес», Қазоқистон), Самандар Ризомов, Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов, Фирӯз Бозмамадов (ҳама – «Истиқлол»), Дилшод Саломов («Рахш -Такси»)-ро даъват намудааст.
Барои мунтахаби Тоҷикистон ин омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 аст, ки дар он дар минтақаи ягонаи марказӣ ва ҷанубӣ бо тимҳои Ӯзбекистон, Афғонистон ва Непал вомехӯрад. Даври интихобӣ аз 12 то 14 апрел дар Бишкек баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 15 ва 16 январ дар Тифлис бозиҳои дӯстона миёни тимҳои миллии Гурҷистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд.

 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив