LIVE

Бозии рӯз: Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими Тайланд вомехӯрад

Имрӯз, 4 октябр дар Кувайт  бозиҳои даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов барои роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ бо тими Тайланд, ки ғолиби гурӯҳи «А» гардид, бозӣ мекунад. Дар марҳилаи  гурӯҳӣ Тайланд бар Ироқ (3:2) ва Уммон (6:1) пирӯз шуда, бо Кувайт мусовӣ (2:2) карда буд.

Вохӯрии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 миёни тимҳои миллии Тайланд ва Тоҷикистон имрӯз соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Бозиро ба таври мустақим аз шабакаи телевизионии "Варзиш" тамошо карда метавонед.

Дар бозии имрӯза ба футзалбозони тоҷик барору комёбӣ таманно дорем!

🏆 Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал
⚽️ 1/4 ниҳоӣ
📆 4 октябр (сешанбе)
⏰ Бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад
🇹🇭 Тайланд – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
🏟 Кувайт, Маҷмааи варзишии «Саъд ал-Абдулло».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив