LIVE

МУНТАХАБИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН БА ДАВРИ ЧОРЯКНИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ-2022 РОҲ ЁФТ!

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 бар тими миллии Туркманистон бо ҳисоби 8:5 пирӯз шуда, дар гурӯҳи «В» мақоми дуюмро касб кард ва ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад.

Дастаи Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ғолиби гурӯҳи «А» бозӣ мекунад. Рақиби мунтахаби мо шоми имрӯз муайян хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон бори охир понздаҳ сол қабл – соли 2007 ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфта буд.

🏆 Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал
Гурухи «В». Даври 3
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇹🇲 Туркманистон – 8:5
⚽️ Голҳо: Мақсад Султонов, 3 (0:1). Идрис Ёров, 8 (1:1). Идрис Ёров, 8 (2:1). Муҳаммадҷон Шарифов, 11 (3:1). Шири Байрамдурдиев, 18 – ба дарвозаи худ (4:1). Гурбангелдӣ Сахедов, 20 (4:2). Идрис Ёров, 22 (5:2). Аннагулиев, 35 (5:3). Файзалӣ Сардоров, 37 (6:3). Аннагулиев, 38 (6:4). Идрис Ёров, 38 (7:4). Файзалӣ Сардоров, 40 (8:4). Гурбангелдӣ Сахедов, 40 (8:5). 
🟥 Корти сурх: Фирӯз Бекмуродов (Тоҷикистон), 20.
🏟 1 октябр. Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдулло».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив