LIVE

Омодагиҳои мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ зидди саудиён идома дорад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҷамъомади тамринии худро дар шаҳри Давҳа идома медиҳад, ки ҳадафи он омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ (21 март, Риёз ва 26 март, Душанбе) мебошад.

Рӯзи чоруми тамринҳои дастаи мо дар Қатар ба охир расид. Дар ин рӯз мунтахаби Тоҷикистон ду маротиба – аввал дар толори варзишӣ ва баъдан дар майдон машқ кард.

Қобили зикр аст, ки ба далели рӯза доштани бозигарони тими миллии Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон, тамоми тамриноти даста дар ҷамъомади таълимию тамринии Давҳа шомгоҳон сурат мегиранд.



Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив